Э. Раҳмон: «Токзори Марғедарро барқарор намоед»

Август 3, 2011 14:08

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Яғноби ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ба шаҳри Панҷакент идома ёфт.Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони шаҳри Панҷекент бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.Дар маркази шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳавзи болопўшидаи шиноварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Ин бинои варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ, ки дарозиаш 25 ва паҳноияш 10 метр аст, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ маблағи буҷа бунёд ёфтааст.Дар толори ҳавзи шиноварӣ барои 300 нафар тамошобин ҷойи нишаст омода гаштааст, ки ин мутобиқ ба талаботи мусобиқаҳои варзишӣ мебошад. Оби ҳавз бо таҷҳизоти махсуси муосир гарм ва сари вақт тоза карда мешавад.Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо 25 кас бо ҷойи кор таъмин мегарданд.Аз ин ҷо Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварда, бо маҳсули кори сабзавоткорони он аз наздик шинос шуд. Дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори шаҳри Панҷакент мулоқоти озоду ошкоро анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод ва барои ҳалли як қатор мушкилоти мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки барои барқарорсозии пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва азхуд намудани заминҳои бекорхобида барномаи алоҳидаи давлатӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад. Тибқи супоришҳои Сарвари Давлат, барои рушди соҳаҳои гуногуни шаҳри Панҷакент, аз ҷумла доир ба тараққиёти зироаткорию боғдорӣ ва шоликорӣ бояд нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва тасдиқ гардад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки лоҳакашӣ ва ҷалби сармоя барои тармиму навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, ки масофааш 113,6 км аст, оғоз ёфтааcт. Сипас Президенти мамлакат бо заҳматкашони шаҳри бостонии Панҷакент мулоқоти ошкорову самимӣ намуд. Сарвари Давлат изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар давоми солҳои Истиқлолият сокинони шаҳри Панҷакент дар қатори тамоми мардуми Тоҷикистони азизамон корҳои бунёдкориву созандагиро анҷом дода, ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидаанд.Таъкид шуд, ки дар қаламрави шаҳри Панҷакент айни замон 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 22 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҷдиди соҳаи иҷтимоӣ, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ, идоракунии ҳавзаҳои об ва рушди инфрасохтори деҳот равона карда шудааст. Маҳз туфайли истиқлолият соҳаи саноат дар заминаи коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар Панҷакент инкишоф ёфта, айни ҳол дар ин ҷо 11 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад.«Дар ибтидои солҳои истиқлолият бо «ташаббуси» баъзе роҳбарону масъулини ноҳия майдони зиёди боғот ва токзори собиқ хоҷагии Марғедар, ки навъҳои беҳтарин ва нодири ангур дошт, решакан ва нобуд карда шуд. Махсусан, аз ангури навъи кишмиш, ки дар ин хоҷагӣ парвариш меёфт, мавизи аълосифат тайёр гардида, асосан ба хориҷи кишвар содир мешуд»,- изҳори нигаронӣ намуд Э. Раҳмон.Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент супориш дод, ки барои барқарор кардани токзори собиқ хоҷагии Марғедар чораҷўӣ намоянд. Ҳамчунин Президент таъкид намуд, ки нақшаи илман асосноки пешрафти соҳаҳои боғдорӣ, картошкапарварӣ ва шоликории ноҳияро таҳия намуда, аз соли оянда иҷрои онро таъмин намояд.

Август 3, 2011 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст