Эмомалӣ Раҳмон аз Сафирони Белорус, Қазоқистон ва Покистон дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус ва сафирони нави Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд. Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус Олга Гаврук, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Агибай Смагулов ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Амҷад Ҳусайн Баракатулло Сиал эътимоднома супурда, изҳор доштанд, ки барои рушди минбаъдаи муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош хоҳанд кард.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо таъин шуданашон ба роҳбарии намояндагии дипломатии кишварҳои худ дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон дар рушди муносиботи дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуд.Муносиботи Тоҷикистон бо ин се кишвар бо назардошти имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ ва заминаи васеи қарордодӣ — ҳуқуқӣ дорои дурнамои хубу пурманфиат барои ҳамаи ҷонибҳо арзёбӣ гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






