Фонди Китобхонаи миллӣ ғанитар гардид

Август 10, 2011 16:04

Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева)- Барои дастгирии сиёсати фарҳангии кишвар ва ғанӣ гардонидани хазинаи Китобхонаи миллӣ кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе якдилона китоб ҷамъоварӣ намуданд. Дар рўйхати номгўйи китобҳои ҷамъоваришуда номҳои классикони адабиёти тоҷику форс-Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Хайём, Низомӣ, нависандагони маъруф Ҷалол Икромӣ, Шодон Ҳаниф, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода, нависандагони рус Лев Толстой, Некрасов, Сергей Есенин, инчунин осори нависандагони англису амрикоӣ, фаронсавӣ, арабу осетинро дидан мумкин буд. Маъракаи ҷамъоварии китоб маълум кард, ки новобаста аз он ки васоити гирифтани иттилоъ тариқи расонаҳои электронӣ, радио, телевизион, интернет дастрас аст, боз ҳам беҳтарин ва дўстдоштатарин машғулият барои одамон китобхонӣ буд ва боқӣ хоҳад монд. Ҳамин тариқ, дар маҷмўъ 5469 номгўй китоб ҷамъоварӣ шуда, ба Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ супорида шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд.

Август 10, 2011 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад