Героин дар камераи резинии велосипед
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 23 августи соли равон ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронунии гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа, мошинаи сабукрави тамғаи «Мерседес Бенс», ки ба шаҳрванд «Н» тааллуқ дошт, боздошт гардид.Ҳангоми тафтиш аз бордони автомашинаи мазкур аз дохили ҷузвдони шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулло Шамсов ду бастаи резинии камераҳои велосипед, ки дар дохилашон хокаи монанд ба маводи нашъаовари навъи «героин» ҷойгир шуда буд, дарёфт карда шуд.Инчунин кормандони Раёсати номбурда шаҳрванд Олиямо Муродова, соли таваллудаш 1965-ро бо ҷурми даст доштан ба нашъаҷаллобӣ бо маводи мухаддир боздошт намуданд. Ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки маводи боздоштшуда навъи «героин» буда, вазни холиси он аз С. Шамсов 3 кг 552,1 грамм ва аз О. Муродова 7 кг 296,2 граммро ташкил дод. Нисбат ба шаҳрвандони номбаршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ ва ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






