«Хатлон Эйр» иҷозатнома гирифт
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Фирӯз Ҳамроев, дар ҷумҳурӣ боз як ширкати нави ҳавопаймоӣ бо номи «Хатлон Эйр» сабти ном гардида, барои фаъолияти минбаъда дар қаламрави кишвар ва хориҷи он соҳиби иҷозатномаи Идораи танзими ҳавопаймоии Тоҷикистон гардид.Ширкат дар назди идораи мазкур аз танзими техникӣ, вазъи молӣ ва кадрӣ гузашта, барои парвозҳои минбаъда ҳаматарафа тайёрӣ мебинад. Ширкат мақсад дорад фаъолияти минбаъдаи худро дар асоси ба иҷора гирифтани чархболҳо, ки дар вазорату идораҳои қудратии кишвар хеле зиёданду вале истифода намешаванд, амалӣ намояд. Ширкат асосан барои интиқоли молу мавод ва мусофирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз манотиқи гуногуни кишвар фаъолият карданист. Ширкати «Хатлон Эйр» ҳамчунин имкон дорад, ки дар асоси шартномаҳои тарафайн молу маводи тоҷирони тоҷикро аз як минтақа ба минтақаи дигари ҷумҳурӣ интиқол диҳад.Айни ҳол корҳо барои аз қайди ниҳодҳои байналмилалӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои техникии чархболҳои ба иҷорагирифташуда идома доранд. Кормандони ширкат ба ин боваранд, ки минбаъд тавассути чархболҳо кашонидани бору мусофир дар минтақаҳои кӯҳсор аз муваффақтарин кори нақлиётӣ хоҳад буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






