Имзои се санади муҳими ҳамкорӣ бо кишвари ҳамҷавор
Душанбе, 23 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Зимни ташрифи ҳайати баландпоя ва бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон дар Душанбе се санади муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин ба имзо расид», гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Тсян Янг Ханг, сардори департаменти робитаҳои хориҷии Ҳизби коммунисти Чин. Ин санадҳо иборат аз Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошанд.
Тсян Янг Ханг сафари ҳайати баландпояи чиноиро ба Тоҷикистон натиҷагирӣ карда афзуд, ки сафари ҳайати баландпояи Чин ба Тоҷикистон бо даъвати ҲХДТ сурат гирифта, дар ҷараёни он узви Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, Котиби Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ Чжоу Юнкан бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров дидору мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика, ҳамкориҳои амниятӣ, инфрасохтор ва ҳамкориҳои байниҳизбию байниминтақавӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ баррасӣ гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати баландпояи Чин, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон қарор дорад, намояндагони воломақоми Кумитаи Марказии ҳизби коммунистӣ ва Шӯрои давлатии Чин, вазири амнияти давлатӣ, вазири кишоварзӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ, муовини вазири амнияти ҷамъиятӣ, муовини вазири савдо, котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғур ва дигар шахсиятҳои баландпояи давлатӣ шомиланд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






