«Истиқлол» бо «Парвоз» қувваозмоӣ менамояд
Душанбе, 30 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръапартоии бозиҳои 1/8 ва 1/4 финалӣ барои дарёфти Ҷоми ҷумҳурӣ дар соли 2011 баргузор шуд. Тавре сомонаи расмии Клуби футболи «Истиқлол» хабар медиҳад, дар ин марҳилаи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон 12 дастаи зерин иштирок менамояд: 10 намояндаи лигаи олӣ аз ҷумлаи «Истиқлол», ССКА «Помир», «Энергетик», «Гвардия», «Регар – ТадАЗ» (Турсунзода), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Равшан» (Кӯлоб), «Хайр» (Ваҳдат), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Шодмон» (Ҳисор), ҳамчунин ду дастаи лигаи якум аз қабили «Хулбук» (Восе) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ).








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






