«Истиқлол» муборизаро аз марҳалаи дуюм оғоз мекунад
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръапартоӣ барои дарёфти Ҷоми миллии Тоҷикистон дар соли 2011 баргузор шуд.Имсол дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон 21 даста аз ҷумлаи дастаҳои лигаи олӣ ва 9 намояндаи гурӯҳи аввал, ҳамчунин пешсафи мусобиқоти вилояти Суғд – дастаи «Истарафшан» иштирок менамоянд.Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба ҳайси дорандаи Ҷоми Тоҷикистон дар даври аввали бозиҳо иштирок накарда, муборизаро аз даври дуюм шурӯъ мекунад. Дар даври аввал 10 дастаи лигаи олӣ бо 10 дастаи гурӯҳи дуюм барои пайдо намудани роҳхат ба даври минбаъдаи мусибоқот қувваозмоӣ менамоянд. Дар даври дуюм дастаҳо бо усули қуръапартоӣ ба якчанд ҷуфт тақсим карда мешаванд.Бозиҳои ҷавобии даври аввал рӯзи якшанбеи 28 август сурат мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






