«Кӯлоб-текстайлз» бо иқтидори пурра фаъолият менамояд

Август 25, 2011 15:32

Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Корхонаи муштараки Тоҷикистону Австралия «Кӯлоб-текстайлз» истеҳсоли маҳсулоти худро бо иқтидори пурра дар се баст ба роҳ мондааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд. Тавре сардори раёсати саноати сабуки Вазорати энергетика ва саноати ҶТ Гулчеҳра Сангинова хабар дод, барои фаъолият дар се баст зиёда аз 100 нафар ҷалб гардидаанд. Барои истеҳсоли маҳсулот ашёи хоми маҳаллӣ, яъне нахи пахтаи истеҳсоли маҳаллӣ истифода мешавад. Корхонаи мазкур бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст. Ин имкон медиҳад, ки корхона ба таври мураттаб кор кунад. «Иқтидори солонаи корхонаи «Кӯлоб- текстайлз» истеҳсоли 2 ҳазор тонна калобаи хушсифат буда, маҳсулоти худро асосан ба беруни кишвар содир менамояд», зикр намуд Гулчеҳра Сангинова.

Август 25, 2011 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад