Коҳиши қонуншиканиҳо дар соҳаи канданиҳои фоиданок
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари абӯбакр). — Дар давоми 7 моҳи соли равон дар миқёси вилояти Суғд 90 ҳолати қонунвайронкунӣ дар самти истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули умум ба қайд гирифта, 85 санад ва 437 протокол тартиб дода шудааст.Тибқи маълумоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд нисбат ба қонуншиканҳо ба маблағи 74 ҳазору 610 сомонӣ ҷарима баста, 28 ҳазору 595 сомониаш ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.
Коршиносон ин равандро таъсири кушода шудани як қатор корхонаҳои истихроҷи масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили ҶСП «Роҳсоз», ҶДММ «Стройпрогресс» ва танзими истихроҷи регу шағали дарёҳои Оқсу ва Исфара медонанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






