Лоиҳаи афзоиш бахшидани нерӯи иҷтимоию иқтисодии занон

Август 12, 2011 14:16

Душанбе, 12 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Созмони байналмилалии «Мадина» ва «Ҳамкорон» дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба маъракаи малакаҳои соҳибкориро ёд гирифтани занон шурӯъ мекунад. Тавре дар Ассосиатсияи созмонҳои молиявии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иштирокдорони барномаи мазкур дар дарсҳои дурӯза аз рӯи асосҳои тиҷорат, қонунгузорӣ, таъсису сабти корхонаҳои нав ва қадр кардани соҳибкори пешқадам иштирок менамоянд.Хотирнишон месозем, ки соли 2009 созмони байналмилалии «Мадина» муассиси ташкилоти «Мадина» ва «Ҳамкорон» гардида буд, ки дар чор ноҳияи ВМКБ намояндагии худро дорад. Вазифаи ин ташкилот иборат аз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани ғояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Август 12, 2011 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон