Маҳфили адабӣ ба ифтихори 100 – солагии С.Улуғзода

Август 2, 2011 10:40

Душанбе, 2 август (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 29 июл дар меҳмонхонаи адабию мусиқии Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 100 – солагии зодрӯзи нависандаи тоҷик, олим, адабиётшинос, драматург, мунаққиди адабӣ ва тарҷумон Сотим Улуғзода маҳфили адабӣ баргузор гардид. Олимони адабиётшинос, муаллимони забонҳои русӣ ва тоҷикии донишкадаҳои асосии пойтахт аз қабили Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои пос доштани хотираи нависандаи барҷаста, асосгузори драматургияи касбии тоҷик ҷамъ омада буданд.Мувофиқи суханони мудири шӯъбаи илму маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Абдулҳамид Нозимов ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки маҳз Маркази илму фарҳанги Русия аввалин шуда, дар арафаи санаи ҷашнӣ — 100 – солагии зодрӯзи Сотим Улуғзода бахшида ба хотираи нависандаи намоёни тоҷик маҳфили адабӣ баргузор намуд. Номбурда аҳамияти доир намудани ин тадбирро дар арафаи 20 – солагии таъсисёбии ИДМ ва 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба таври хоса хотирнишон сохт, зеро дар бисёр романҳо, қиссаҳо ва драммаҳои таърихии С.Улуғзода аз қабили «Восеъ», «Қиссаи Суғд», «Калтакдорони сурх», «Субҳи ҷавонии мо», «Навобод», «Ҳакими бузург», «Дурахши марворид» ва дар асарҳои дигари ӯ анъанаҳои беҳтарини адабиёти кишварҳои ИДМ ва, дар навбати аввал, адабиёти рус таҷассум ёфтаанд. Роҳбари намояндагии Ҷамъияти ҳамкории Русия Сергей Киселёв аҳамияти бузурги асарҳои нависандаи тоҷик С.Улуғзодаро барои рушду густариши равобити адабию фарҳангии Русия ва Тоҷикистон, тарбияи адибони ҷавон ва саҳми бузурги эҷодиёти ӯ ба ганҷинаи адабиёти ҷаҳонро тазаккур дода, пешниҳод намуд, ки дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе ҷамъияти адабии Русия ва Тоҷикистон таъсис дода ва дар он нависандагон, шоирон ва журналистон муттаҳид карда шавад. Дар хотимаи маҳфил порчае аз филми бадеии «Қисмати шоир», ки соли 1959 аз рӯи асари Сотим Улуғзода ба навор гирифта шуда буд, намоиш дода шуд.

Август 2, 2011 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад