Мактаби мубоҳисавии тобистонаи экологӣ дар шаҳри Қайроққум

Август 11, 2011 11:35

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонони муҳофизи муҳити зист» дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи «Орлёнок»-и шаҳри Қайроққум мактаби мубоҳисавии тобистонаи экологиро таъсис дод. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар ин мактаб 60 нафар наврасон — дӯстдорони табиат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъ омада, тибқи лоиҳаи «Мубоҳисаҳои телевизионӣ – усулҳои ҷалби ҷавонон дар раванди қабули қарори масъалаҳои иҷтимоӣ — экологӣ» донишҳои экологии худро сайқал медиҳанд ва ҳам истироҳат мекунанд.Нӯҳ сол аст, ки ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳили Баҳри Тоҷик мунтазам истироҳатгоҳи тобистонаи маърифати экологӣ — «Хонаи сабзи мо»-ро бо мақсади ба ҷавонон омӯзонидани истифодаи самараноки табиат ва фаъолияти ба ҳифзи табиат равонагардида ташкил менамояд.Аллакай беш аз 600 нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин аз шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, ноҳияҳои Шаҳритӯс, Қубодиён ва аз Ҷумҳурии Қирғизистон дар истироҳатгоҳи экологии «Хонаи сабзи мо» фароғат намуданд.

Август 11, 2011 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд