Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев

Август 31, 2011 10:59

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз, 30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои Иттиҳод, ки рўзҳои 2 – юм ва 3 – юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон барои қабули меҳмонони олимақом, мақомоти кории Иттиҳод, ҳайатҳои расмӣ ва ҳамроҳи давлатҳои аъзо, намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум ва ба роҳ мондани тамоми чорабиниҳои ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омодагии хуб дидааст. Сергей Лебедев ин ҳама омодагӣ ва ободию шукуфоиро «нишонаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон» арзёбӣ намуд.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дурнамои фаъолияти ин созмон гуфтугўйи судманд сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 31, 2011 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад