Мусоидати Шӯрои Аврупо ҷиҳати инкишофи иқтисоди Тоҷикистон

Август 26, 2011 13:00

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 25 августи соли равон мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев бо ҳайати баландпояи Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ, ки таҳти роҳбарии профессор Антон Караҷа ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, сурат гирифт. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, Караҷа зикр намуд, ки «Шӯрои Аврупо омода аст ҷиҳати рушди самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, инфрасохтор, сайёҳӣ, низоми молиявию бонкӣ ва ғайра мусоидат намояд».

Август 26, 2011 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст