Оғози курсҳои бозомӯзии ронандагони нақлиёти хурди обӣ
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 19 август дар Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 17-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар ҷамъомад ба кормандони пешқадам ифтихорномаҳо ва рутбаҳои навбатии хизматӣ, ҳамчунин барои ҳамкории судманд ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд.Мавриди зикр аст, ки барои 20 нафар ронандагони нақлиёти хурди обӣ аз ҶШСК «Суғдмоҳӣ» аввалин курсҳои бозомӯзӣ кушода шуд. Курси мазкур аз 54 соат машғулият иборат буда, 4 соати он ба мавзӯи ҳифзи муҳити зист бахшида шудааст.Ин тадбир тибқи қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёти обӣ ва таъмини бехатарӣ дар обанборҳо ва дарёҳои вилоят» рӯи кор омадааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






