О. Гаврук: «Мубодилаи маҳсулот миёни Тоҷикистону Белорус 8 маротиба боло рафтааст»

Август 19, 2011 16:46

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус Олга Гаврук эътимоднома қабул намуд.Олга Гаврук ба хабарнигорон гуфт, ки: «Ман ба худ шараф медонам, ки ҷумҳурии Белорусро дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунам. Тоҷикистон бо фарҳанги бою таърихии худ машҳур гардидааст. Ҳаминро гуфтаниям, ки ман охири солҳои 90-ум дар Тоҷикистон будам. Айни ҳол мебинам, ки кишвари шумо хеле рушд кардааст. Тӯли ин солҳо ободонии зиёд мушоҳида мешавад». Белорус имсол бори аввал намояндагии дипломатии худро кушод ва ман нахустин сафири ин кишвар дар Тоҷикистон мебошам. Мо умедворем, ки ин баҳри рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Белорус заминаи хуб мешавад. Тавре ҷаноби президент зимни суханронияш иброз намуд, ҳар ду кишвар захираҳои зиёди ҳамкориҳои судманд доранд, ки то ҳол истифода нашудаанд, тазаккур дод ӯ. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки Белорус метавонад ба Тоҷикистон маҳсулоти зиёдро аз қабили техникаву мошинҳои белорусӣ, маводи ғизоӣ, маҳсулоти ниёзи аввалия фиристода, ҳамчунин дар навбати худ Тоҷикистон метавонад ба мо пахта, мева ва хушкмева судур кунад. Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2003 мубодилаи маҳсулот миёни Тоҷикистону Белорус 6-миллион долларро ташкил медод. Ин шумора дар соли 2010-ум ба 48 миллион доллар расид. Тавре шумо мушоҳида намудед, дар як муддати кӯтоҳ мубодилаи маҳсулот 8 маротиба боло рафтааст. Дар оянда мо имкон дорем, ки ин шумораро боз ҳам боло бардорем, -зикр намуд дар охир Олга Гаврук.

Август 19, 2011 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!