О. Оқилов: «Бунёди корхонаҳои саноатӣ-омили рушди иқтисодиёт»

Август 29, 2011 10:02

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 28 августи соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ корхонаи хиштсозии «Хишти аввал»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Корхонаи мазкур аз ҷониби Ширкати алюминийи тоҷик бунёд гардида, дар як сол иқтидори 23 миллион хишти аълосифат истеҳсол намуданро дорад. Дар корхона зиёда аз 180 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин гардида, дастгоҳу таҷҳизоти замонавии он аз Федератсияи Русия, Украина ва Шветсария дастрас шудааст.Оқил Оқилов дар ҷамъомади тантанавӣ бунёди корхонаҳои саноатии хурду бузургро яке аз омилҳои асосии дастгирии истеҳсолоти дохилӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат арзёбӣ кард. Аснои шиносоӣ ба рафти истеҳсолот дар корхонаи мазкур Оқил Оқилов ба масъулони дахлдор доир ба марҳила ба марҳила баланд бардоштани иқтидори корхона, бештар истифода бурдани масолеҳи хоми ватанӣ ва беҳдошти сифати маҳсулот дастуру тавсияҳои судманд дод.

Август 29, 2011 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад