Омодагӣ ҷиҳати садамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Душанбе

Август 17, 2011 15:51

Душанбе 17 август (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева) — Аз рўи нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе машқи муштарак бо ҷалби дастаҳои наҷотдиҳии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Тоҷик Эйр» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» гузаронида шуд.
 
Дар рафти машқ фаъолияти мақомоти идории ҷамъиятҳои наҷотдиҳии ғайриҳарбӣ ҳангоми барҳамзании ҳолатҳои фавқулодда дар ҳолати садамавӣ фуруд омадани ҳавопаймо зери мушоҳидаи нозирон қарор гирифт. Эҳтимолияти машқ ҳамин буд, ки ҳавопаймо дар ҳолати садамавӣ фуруд меояд ва эҳтимоли сар задани сўхтор ва осеб дидани мусофирон мавҷуд аст, дар дохили салон мойеъи дорои гази химиявӣ паҳн мегардад. Барои барҳам задани ҳолати баамаломада ва наҷот додани мусофирон дастаҳои наҷотдиҳии корхонаҳо муштарак амал намуда, амалиёти наҷотдиҳиро дар мӯҳлати муайяншуда анҷом доданд.Котиби дафтари матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки роҳбарии кулли машқҳоро муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов бар ўҳда дошта, рафти машқҳои наҷотдиҳиро сардори Раёсати фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ полковник Х.Қодирбердиев назорат кард.

Август 17, 2011 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад