Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷойи таҷлил мешавад
Душанбе, 9 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз, 9 август, СММ бори дигар Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷойиро таҷлил менамояд. Ин анъана ҳанӯз дар соли 1995 оғоз ёфта буд. Имсол Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷойи ба мавзӯи «Эҷодиёти мардуми таҳҷои» бахшида шудааст.Тавре Маркази навигариҳои СММ иттилоъ медиҳад, сухан дар бораи зарурати ҳифзу таҷдиди фарҳанги мардуми таҳҷойи меравад, ки он санъат ва дастовардҳои зеҳниро дар бар мегирад. СММ даъват менамояд, ки ин имконият барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба шахсиятҳои эҷодкор аз ҷумлаи мардуми таҳҷойи, пуштибонии кооперативҳо ва корхонаҳои тиҷоратӣ, ки онҳоро анъанаҳои халқҳои таҳҷойи илҳом мебахшад, мавриди истифода қарор дода шавад.Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷойи бояд хотирнишон созад, ки ҳар порчаи либос, матоъ ё асари бадеӣ иборат аз таърихи мардуми таҳҷойи ва таҷрибаи шахсии намояндагони он аст. Дар ин рӯз дар СММ бахшида ба эҷодиёти мардуми таҳҷойии кишварҳои мухталиф, ҳамчунин усулҳои пешқадами ҳифзи санъат ва рушди касбу кори онҳо тадбирҳои ҷолиб роҳандозӣ мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






