Рушди қонунгузории Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият
Душанбе, 16 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият» — таҳти чунин унвон рӯзҳои 26 ва 29 август дар Душанбе ду конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори баргузории ин чорабиниҳо аст.Интизор меравад, ки дар конфронсҳо вакилони палатаи поёнӣ ва болоии парлумони мамлакат, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти судӣ, инчунин олимон ва мутахассисони бахши ҳуқуқ ширкат намуда, маърӯза менамоянд. Тибқи иттилои Маҳмад Раҳимов директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсҳо рушди соҳаҳои гуногуни қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 20 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус рушди қонунгузории ҷиноӣ, шаҳрвандӣ, соҳибкорӣ, бонкӣ, асъорӣ, рақобат, соҳибкории хориҷӣ, иттилоотӣ, тандурустӣ, маориф, меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ, инчунин ташаккули ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






