Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ

Август 24, 2011 16:41

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Бахшида ба таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ҳамкорӣ бо маркази илмӣ — фарҳангии сафорати Русия 19 августи соли равон дар шаҳри Деҳлӣ дар мавзӯи «Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ» семинар баргузор гардид. Дар кори семинар зиёда аз 150 нафар меҳмонон аз доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва корпуси дипломатии ин кишвар иштирок намуда, 8 нафар дар мавзӯъҳои гуногун оид ба рушди Тоҷикистон маърӯза намуданд. Дар рафти кори семинар инчунин намоиши филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Тоҷикистон ва намоиши аксҳо перомуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши иштирокдорон гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон иттилоъ доданд.

Август 24, 2011 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд