Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт
Душанбе, 29 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Чоршанбеи 31 августи соли 2011 бо анҷом ёфтани моҳи мубораки Рамазон мардуми Тоҷикистон чун дигар мусулмонони кишварҳои ҷаҳон Иди саиди фитрро ҷашн мегиранд. Қарори марбута оид ба муайян кардани рӯзи Иди Рамазон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки бо иштироки имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи ҷумҳурӣ доир шуд, қабул гардид.Аз Маркази исломии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 31 август соати 7-30 дақиқа дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Рамазон гузошта мешавад. Дар рӯзи Иди Рамазон мардуми мусулмон пироҳани нав ба бар намуда, дастархони идона меороянд, ба дидорбинии волидайн, хешу табор, аёдати пирони барҷомонда, ятимону бепарасторон ва беморон рафта, иди Рамазонро муборак мегӯянд, дуою фотеҳа хонда, тӯҳфаҳо тақдим месозанд. Инчунин, дар ин рӯз мардум ба оромгоҳҳо рафта, дар сари қабри гузаштагони худ дуою фотеҳа хонда, рӯҳу арвоҳи гузаштагонро шод мегардонанд.Дар соли равон садақаи фитр барои ҳар як нафар аъзои хонавода 4 сомонӣ муқаррар шудааст, ки он бояд ба ятимону бепарасторон, мӯҳтоҷону маъюбон дода шавад. Зеро моҳи Рамазон моҳи хайру сахо, омурзиши гуноҳон ва раҳмати Парвардигор бар оламиён буда, маҳз дар ин моҳи муборак китоби осмонӣ-Қуръони азимушаън аз сӯи Худованд нозил шуд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






