Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан

Август 4, 2011 10:42

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар»).-Аз субҳи имрўз, 4 август сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан идома ёфт.Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Сарвари давлат, пеш аз ҳама як коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот дар ҷамъияти саҳомии пўшидаи Оби Зулол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Хатти нави технологии корхонаи Оби Зулол, ки бо таҷҳизоти навтарини ҷаҳони имрўза муҷаҳҳаз гаштааст, имкон дорад дар як мавсим 25 ҳазор тонна меваю сабзавотро коркард намуда, аз он афшураҳои хушлаззат истеҳсол намояд. Дар ин коргоҳ тамоми намудҳои меваю сабзавот ва тарбўзу харбўза коркард мешавад.Дар коргоҳ барои таъмини буғ ва обу ҳавои фишурдашуда, ки барои истеҳсоли афшураҳо зарур аст, дастгоҳҳои ёрирасон васл гардидаанд.Сифати маҳсулот дар озмоишгоҳи коргоҳ бо дастгоҳҳои электронии ҳозирзамон назорат карда мешавад. Ҷойгиркунии маҳсулоти тайёр дар халтаҳои асептикӣ ва зарфҳои махсус гарави нигоҳдорӣ ва истифодаи дарозмуддату безарари он мебошад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз ин ва дигар корхонаҳои саноатии коркарди меваю сабзавот ба хориҷи кишвар танҳо маҳсулоти тайёри ниҳоӣ содир карда шавад. Бо вуҷуди он, ки хатти истеҳсолӣ пурра автоматӣ кор мекунад, танҳо дар коргоҳи нави корхонаи Оби Зулол 40 нафар соҳиби кор шудаанд.Дар хоҷагиҳои деҳқонии Пошкенти ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори зироаткорону боғдорон шинос шуда, бо аҳли заҳмат суҳбатҳои ҷолиб анҷом дод.Тавре зикр гардид, аз 454 га замини хоҷагӣ 168 гектараш обӣ буда, аҳли заҳмат, ки шумораашон 598 нафар аст, асосан бо боғутокпарварӣ, парвариши картошка, сабзавоту полезӣ ва чорводорӣ машғуланд.Иттилоъ дода шуд, ки тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар 45 га замини обӣ кишти такрорӣ ба роҳ монда, ҳосили фаровон рўёндаанд. Деҳқонони хоҷагӣ умед доранд аз ҳар га замини пиёз 350 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Сабзии кишти такрорӣ ва картошка низ ҳосили фаровон дорад. Иттилоъ дода шуд, майдони кишти сабзӣ дар шаҳри Истаравшан, тибқи супориши Сарвари давлат ва бо назардошти афзоиши талабот ба ин намуди сабзавот, ба 450 га расонда шуд.Дар хоҷагии деҳқонии Вогат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ибратбахши токпарварони он аз наздик шинос шуд.Аҳли хоҷагӣ дар 200 га замин токзор бунёд намудаанд, ки дар он ангўри навъҳои кишмиши сиёҳ ва сафед, тоифӣ, ҳусайнӣ, чилрўза, тагобӣ ва калондона парвариш меёбад.Дар майдончаҳои махсуси мавизхушкунии хоҷагӣ ду тарзи хушксозии мавиз бе истифода аз моддаҳои кимиёӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҳама ҷолиб бо хўша якҷоя дар соя овезон карда, хушк кунондани мавиз аст. Тавре иттилоъ дода шуд, дар зарфи 20-25 рўз беҳтарин мавизи бозоргир, ки дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дорад, омода мегардад.Тибқи иттилои роҳбарияти хоҷагӣ, имсол аз ин ҷо 350 ҳазор бех қаламчаи ангўр ба фурўш бароварда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки ҳар сол на кам аз 1 миллион қаламча омода созанд ва таъкид дошт, ки ин талабот ба он дар бозор калон аст.Тавре аз сўҳбатҳо бо Сарвари давлат аён гардид, саҳмдорони хоҷагӣ, ки шумораашон зиёда аз 600 нафар аст, ҳар яке 49 садяк замини обӣ ва ё 51 садяк замини лалмӣ дар ихтиёр доранд ва эҳтиёҷоти рўзгори худро аз ҳамин миқдор замин пурра таъмин менамоянд. Зироаткорони хоҷагӣ бошанд, истифодаи босамари заминҳои обиро, аз ҷумла тавассути кишти такрорӣ хуб ба роҳ монда, ҳосили фаровони лўбиё, ҷуворимакка, шалғам ва карам рўёндаанд.Дар хоҷагӣ, ҳамчунин чорводорӣ ба роҳ монда шудааст ва хўроки чорво пурра аз заминҳои худи хоҷагӣ таъмин карда мешавад. Дар маркази шаҳри Истаравшан бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи иншооти варзишии Далерон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби ширкати хусусии Дурдона дар майдони 2 га бунёд ёфтааст.Тавре зикр гардид, ин маҷмаа дар заминаи як бинои вайрону валангор, ки аз солҳои 90 – уми асри гузашта ба ин сў аз истифода бозмонда буд, бунёд ёфта, ба мавзеи ободу зебо ва муҷаҳҳаз бо шароити машқу тамрин барои дўстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим табдил ёфтааст.Толори марказии маҷмаа, ки дарозию паҳноияш 42 х 30 м мебошад, бо зиёда аз 1000 ҷойи нишаст барои тамошобинон ҷавобгў ба меъёрҳои хуби байналмилалӣ аст.Маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин дорои корти муосири теннис бо 700 ҷойи нишаст барои тамошобинон, майдончаи футболи наврасон бо 600 ҷойи нишаст ва иншооти фароғатӣ ва ёрирасон мебошад.Дар навбати дуюми бунёди маҷмаа дар ин ҷо, ҳамчунин толори тамрини муҳорибаҳои тан ба тан бо андозаи 18х30м, толори шиноварӣ бо ҳавзи андозаи 12,5 х 25м ё 30м сохта хоҳад шуд. Маҷмааи варзишӣ дар маҷмўъ дорои шароити хуби тамрин ва гузаронидани зиёда аз 20 намуди мусобиқаҳои варзишӣ хоҳад шуд.Ин кор дар партави сиёсати ободкориву созандагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шўҳрат Қутбиддинов анҷом ёфтааст. Бояд хотиррасон намуд, ки Шўҳрат Қутбиддинов зимни муулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар моҳи декабри соли 2010 ваъда дода буд, ки то солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон як маҷмааи бошукўҳи варзишӣ дар шаҳри Истаравшан бунёд менамояд. Имрўз ваъдаи ин соҳибкори баору номус иҷро шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ў барои ин иқдоми наку ва дастгирии сиёсати созандагии роҳбарияти кишвар ва арзи сипос кард.Ба гуфти худи соҳибкор, ба ин кор онҳоро таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим водор намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 4, 2011 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад