Сафари Сарвари Давлат Э. Раҳмон ба вилояти Суғд

Август 3, 2011 13:29

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як қатор иншооти нав ба шаҳру деҳоти вилояти Суғд сафар кард.Сафари кории Сарвари Давлат аз деҳаи Яғноби ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.Нахуст Сарвари Давлат бо мардуми сарбаланд ва бонангу номуси водии Яғноб сӯҳбати ошкорову самимӣ намуда, онҳоро бо ҷашни бузурги миллӣ – бистумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.Таъкид шуд, ки деҳаи Яғноб кӯҳистони дурдаст буда, аз роҳҳои мошингард ва мактабу беморхона маҳрум буд. Инчунин кам будани заминҳои корам ва набудани ҷойҳои корӣ як қисми мардуми водиро водор намуд, ки меҳани аҷдодиашонро тарк карда, ба таҳдаштҳо рахти сафар банданд.Мавриди зикр аст, ки Яғноб қабл аз муҳоҷирати сокинонаш аз 32 деҳаи ободу зебо иборат буда, қариб 4000 нафар аҳолӣ дошт. Аз ин шумора тибқи маълумоти барӯйхатгирии соли 1970 – ум 3200 нафар ба ноҳияи Зафаробод кӯчонида шуд.Қисми дигари аҳолӣ пеш аз оғози муҳоҷиркунӣ бо аҳли хонаводаи хеш шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзобу Ҳисорро ҷойи истиқомат қарор доданд. Сарвари давлат зимни суханронии худ таъкид намуд, ки «тавре ман маълумот дорам, дар айни ҳол дар водии Яғноб вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва роҳу нақлиёт беҳбудӣ мехоҳад.Мактабҳои хурди амалкунанда талаботи маънавии хонандагонро қонеъ карда наметавонанд ва кӯдакону наврасони баъзе деҳаҳо аз раванди таълиму тарбия берун мондаанд. Ҳол он ки насли навраси имрӯза ба ғайр аз донишандӯзӣ ҳамчунин бояд забонҳои хориҷиро омӯзад, бо асосҳои техникаи муосир ва технологияҳои компютерӣ ва иттилотӣ шинос бошад». Аз ин рӯ Сарвари Давлат Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳияи Айнӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, ки бо назардошти кам будани шумораи хонандагон дар аксари деҳот ва дур будани масофаи байни деҳаҳои Яғноб дар назди мактаби таҳсилоти умумии рақами 22 – и ҷамоати деҳоти Анзоб мактаб – интернати замонавӣ бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон бунёд намуда, онро дар оғози соли хониши 2012 – 2013 ба истифода супоранд.Илова бар ин мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки то оғози соли хониши имсола ҷиҳати таъмини мактабҳои амалкунандаи Яғноб бо китобҳои дарсӣ ва дигар асбобу анҷоми хониш тадбирҳои амалӣ андешанд.Вобаста ба ин бори дигар таъкид карда шуд, ки ҳадафи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар дар соҳаи маориф муҳайё кардани шароити хуби таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони баландихтисос мебошад. Сафари кории Сарвари Давлат дар шаҳру ноҳияи вилояти Суғд идома дорад.

Август 3, 2011 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд