Шаҳрдорӣ соҳибкоронро ба адлу инсоф даъват намуд

Август 2, 2011 13:08

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Зимни ҷаласаи шаҳрдорӣ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев кулли соҳибкорони бозорҳои истеъмолии пойтахтро ба инсоф ва эҳтироми рисолати моҳи шарифи Рамазон ҳидоят намуд. Дар робита ба ин раиси шаҳр директорони бозорҳои шаҳр, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва 20 нафар соҳибкорони растаи гӯштфурӯшии маҳаллаи 33-юмро, ки барои таъмини аҳолии шаҳр бо гӯшт аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳрӣ қарзҳои бефоиз дарёфт намудаанд, муваззаф сохт, ки фурӯши гӯшти хушсифати говро дар шаҳр бо нархи 23 сомонӣ ба роҳ монанд. Муқаррар гардид, ки барои дастгирии оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои иҷтимоии шаҳр тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда шаванд. Бо ин мақсад бобати ҳамовозӣ бо ибтикороти роҳбари растаи гӯштфурӯшии маҳаллаи 33-юм перомуни ҳамарӯза таъмин намудани 1 тонна гӯшти гӯсфанд бо нархи 23 сомонӣ барои муассисаҳои иҷтимоии шаҳр ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҳамарӯза 1 тонна гӯшти гов бо нархи 22 сомонӣ барои оилаҳои камбизоат дар асоси рӯйхати шаҳрдорӣ ҷонибдорӣ amoxil-info.net. Дар ин радиф роҳбарони бозорҳои коммуналӣ бояд ҳамарӯза 10 кг, «Корвон», «Панҷшер» ва «Ганҷина» ҳар кадоме 30 кг ва дигар бозорҳои хусусӣ ҳар кадоме ҳамарӯза 5 кг гӯшти хушсифати говро тибқи рӯйхати шаҳрдорӣ ба оилаҳои камбизоат тариқи ройгон дастрас намоянд.

Август 2, 2011 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст