Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз музди меҳнат қарздоранд

Август 1, 2011 09:56

Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов то 1-уми июли соли ҷорӣ қарз аз пардохти музди меҳнат дар ҷумҳурӣ бо назардошти қарзи солҳои гузашта 11 млн. 837 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қарздории бештари музди мҳнат ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тааллуқ дорад. Аз ҷумла танҳо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода 1 млн. 660 ҳазор сомонӣ ва корхонаҳои шаҳри Роғун бошанд 4 млн. 404 ҳазор сомонӣ аз музди меҳнат қарздоранд, ки он 54,7 фоизи ҳаҷми умумии қарздорӣ аз музди меҳнат дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.Ҳолати қарздорӣ аз музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ нигаронкунанда аст. Қарздорӣ аз музди меҳнат дар ин минтақаи ҷумҳурӣ ба 2 млн. 357 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Август 1, 2011 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад