Сокинони ҷамоати шаҳраки Нов бо оби нўшокӣ таъмин гардиданд

Август 4, 2011 10:33

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).-Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва лоиҳаи рушди маҳал «Юсаид» як қисм сокинони маҳаллаи А.Бозоров, Қарабоева, Ленин ва боғчаи бачагонаи рақами 17 бо оби тозаи нўшокӣ таъмин гардиданд.Дар расми ифтитоҳи хати нави обгузар муовини Раиси ноҳия Инъомҷон Ризоев, намояндагони ташкилоти «Юсаид» Кевин Дин ва Муниса Ваҳҳобова иштирок намуданд.Ба ин муносибат дар назди пойгоҳи обкашии шаҳраки Сомониён нуқтаи обтаъминкунӣ ба истифода дода шуд, ки аз он зиёда аз 30 нуқтаи обнўшӣ ба мардум хизмат мерасонад. Барои иҷрои лоиҳаи мазкур 18 000 доллари амрикоӣ аз тарафи ташкилоти «Юсаид», ҳамчунин мақомоти маҳаллӣ ва мардуми ин маҳаллаҳо масраф гардидааст. Кевин Дин перомуни ҳамкориҳо сухан карда аз ҷумла иброз дошт, ки чунин лоиҳа дар ҷамоати деҳоти Қӯштегирмон низ амалӣ хоҳад гашт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Август 4, 2011 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд