Суғдиён то ҳол дар муассисаҳои таълими динии хориҷӣ боқӣ мемонанд
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 574 нафар донишҷӯёне, ки аз вилояти Суғд дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонида шуданд.Бояд гуфт, ки дар хориҷи кишвар аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд 610 нафар дар муассисаҳои гуногуни динӣ таҳсил мекарданд, ки аз онҳо то ба имзо расидани дастури Роҳбари давлат, аз ҷумла 299 нафар, баъди дастур 275 нафар ба ватан баргаштанд ва 36 нафар боқӣ мондаанд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз ҳисоби баргаштаҳо 29 нафари донишҷӯён ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, мадрасаҳо, 19 нафар ба Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, мактабҳои олии дунявӣ, 3 нафар ба хизмати ҳарбӣ, 71 нафар ба корҳои соҳибкорӣ ҷалб шудаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






