Тақсими замин барои манзил идома дорад
Восеъ, 25 август (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Восеъ тақсими замин барои манзил идома дошта, эҳтиёҷмандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин мешаванд. Ба иттилои раиси ҷамоати деҳоти Гулистон Сайҷафар Маҷидов баробари деҳқонон ба 47 нафар кормандони соҳаи маориф, 21 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва хизматчиёни харбӣ, 9 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва 3 нафар кормандони соҳаи маданият низ қарори дахлдор дар мавриди гирифтани қитъаи замин барои сохтани манзили истиқоматӣ супурда шудааст. Ба гуфти манбаъ, рӯзҳои наздик 29 ҷойи замини ҷудогардидаи фонди манзил дар ҳузури аъзои комиссия бо усули қуръапартой байни эҳтиёҷмандон тақсим карда мешавад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






