Таҷдиди роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Дӯстӣ дар арафаи анҷомёбист

Август 3, 2011 16:05

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Дӯстӣ, ки тармиму таҷдиди он соли 2009 оғоз шуда буд, мутахассисон ба марҳалаи анҷомёбӣ, яъне асфалтпӯш намудани он шурӯъ намуданд. Дар иншоот қариб 90 фоизи корҳо анҷом ёфта ва то охири соли ҷорӣ пурра ба итмом мерасад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Точикистон хабар доданд.«Ҳамаи корҳои сохтмонию барқароркунӣ тибқи нақша сурат мегиранд. Баъди анҷоми асфалтпӯшӣ барқароркунии нишонаҳои сари роҳ оғоз меёбад», илова намуд манбаъ.Ёдовар мешавем, ки масофаи умумии роҳи мошингард 42 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа 35 млн. доллари ИМА буда, онро Ҳукумати Ҷопон ҳамчун кӯмаки бебозгашт ба кишвари мо додааст.«Баъди ба истифода додани роҳ тибқи созишномаи қаблан ба имзо расидаи миёни Вазорати нақлиёти ҶТ ва пудратчиҳои генералии ширкатҳои Dai Nipon ва Nipo corporation-и Ҷопон пудратчии асосӣ дар мӯҳлати кафолатӣ (як сол) роҳи автомобилгардро ҳифзу муроқиба менамояд», илова намуданд дар Вазорати нақлиёти ҶТ.

Август 3, 2011 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард