Тасдиқи Нақшаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Мутобиқи қарори раиси вилояти Суғд «Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011 – 2013» ба тасвиб расид.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи қарори ба тавсиб расида раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Ғончӣ, Ашт, Шаҳристон ва Спитамен вазифадор гардиданд, ки кӯчонидан ва қабули муҳоҷирони экологиро ба маҳалли нави бехавф мутобиқи рӯйхатҳои ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида дар давоми солҳои 2011 — 2013 таъмин намоянд ва ҳар сол то 1 ноябр мавзеи кӯчонидани муҳоҷиронро тибқи тартиби муқарраргардида муайян намуда, то 1 март корҳои омодагиро барои кӯчонидани муҳоҷирон мутобиқи нақша анҷом диҳанд.Ҳамчунин, ба Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилоят супориш дода шуд, ки дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят перомуни ҷудо намудани қитъаҳои замин барои кӯчонидани хоҷагиҳо аз минтақаҳои хавфнок аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида маблағгузориҳоро барои расонидани кӯмаки яквақтаина ва додани қарзи имтиёзнок тавассути шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» таъмин намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






