Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон

Август 17, 2011 09:33

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рўзи 16 август Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф овард.Дар ин ҷамоат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави хобгоҳи литсейи касбӣ-техникии рақами 77 ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тавре аён гардид, дар ин бинои 4 — ошёна бо харҷи қариб 6 миллион сомонӣ барои 200 нафар донишҷўён шароити хуби зист, дарсхонӣ ва ҳунаромўзӣ муҳайё гардидааст. ҳоло ин литсей дорои синфхонаю устохонаҳои муҷаҳҳаз барои омўзиши ҳунарҳои гуногун, техникаи кишоварзӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки барои сохтмони пурраи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои ин летсейи ҳунаромўзӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо кардани 28 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.Дар деҳаи Муни ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон як бинои нави маркази савдо ба кор дароварда шуд, ки дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.Дар ин маркази савдо, асосан маҳсулоти корхонаҳои хурди саноатии Бадахшон ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла дастбофиҳои занону духтарон ба фурўш бароварда шудаанд.Дар ошёнаи дуюми маркази савдо, ки барои гузарондани тўю хурсандиҳо пешбинӣ шудааст, хатнасури 20 нафар писарбачаҳои бесаробон ва аз оилаҳои камбизоат ба роҳ монда шуд.Ба ҳар яки онҳо, ҳамчунин тўҳфаҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.Шиносоӣ бо боғи бобои Уроншо Саидазалов барои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳар як нафар аз ҳайати ҳамроҳи ў боиси таҳайюру хушҳолии аҷиб шуд, зеро ин деҳқони асил дар як ҷарии паҳлўи кўҳ дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр боғ бунёд намуда, онро ба як гўшаи биҳиштосои ин диёр табдил додаст. Дар ҳамин доманаи рости кўҳ, ки кас базўр рост меистад, ин пири ботадбир дар 3 га замин 25 намуд себ, 20 намуд зардолу ва беш аз 2 ҳазор бех дарахтони сохтмонӣ сабзондааст. Дар ҳар як қадами ин замини баландкўҳ истифодаи пурсамари замин ба назар мерасад, зеро дар ҳар ваҷаб замини каме ҳамвори он картошка ва дигар зироатҳо низ кишт карда шудааст. Дар дохили боғ бобои Уроншо, ҳамчунин 35 оилаи занбўр дорад, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар оилаи он дар як мавсим 23 килограмӣ асали поки кўҳистонӣ ҷамоварӣ менамояд.Дар назди боғ устоҳои маҳаллӣ бо истифода аз қонунҳои табиии физикӣ як обкаши барқӣ ба кор даровардаанд, ки бе истифода аз нерўи барқ обро ба баландии 100 метр боло мебарорад. Дар маҷмўъ, бо шарофати табиати биҳиштосо, оби поку зулоли чашмасори кўҳистон, муҳаббати инсон ба замин ва заҳмати бомароми деҳқони асил бобои Уроншо ин гўшаи Бадахшони баландкўҳ ба биҳишти рўи замин табдил ёфтааст.Дар маркази ҷамоат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми деҳоти Сучон, Навобод, Вер ва Ванқалъа аз наздик мулоқоти озоду ошкоро анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфт.Аз ҷумла, бо дархости мардум тасмим гирифта шуд, ки ба ҷойи мактаби садамавии деҳаи Навобод дар муддати кўтоҳ як мактаби нави замонавӣ барои 450 нафар хонанда бо шароити хуби таълиму тарбияи насли наврас бунёд карда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 17, 2011 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд