Таъсиси Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор дар ноҳияи Айнӣ
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади ташкили Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва нақши он дар ҷодаи ҳуқуқи инсон бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ ва мусоидати Ташкилоти ҷамъиятии Байналмиллалии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» рӯзи 12 августи соли равон мизи мудаввар доир шуд. Дар кори мизи мудаввар З.Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ш.Бобоҷонов – муовини раиси ноҳияи Айнӣ, Н.Ширинбекова – роҳбари ТҶБ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», раисон, кормандони мақомоти худидоракунии ҷамоати шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО-и ноҳиявӣ ва дигар фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Дар он ба иштирокчиён мақсад ва ҳадафҳои таъсиси Қабулгоҳи ҷамъиятӣ фаҳмонида шуд. Зимни суханронии худ З.Ализода зарурияти таъсиси Қабулгоҳи ҷамъиятӣ ва диққати махсус додан ба ҳуқуқи инсонро аз масъалаи калидӣ гардидани ҳуқуқи инсон дар низоми муносибатҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Муовини Раиси ноҳия – Ш.Бобоҷонов иқдоми таъсис додани қабулгоҳи ҷамъиятиро тадбири саривақтӣ номида, изҳори умедворӣ намуд, ки фаъолияти он дар самти баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва ба ин васила кӯмак намудан ба кори мақомоти ноҳия мусбат арзёбӣ гардад.Н.Ширинбекова низ омодагии худро ҷиҳати таъминоти моддии фаъолияти қабулгоҳ иброз дошта, қайд намуд, ки дар рӯзҳои наздик аз ҳисоби фаъолони ҷамоати шаҳраку деҳот Шӯрои коршиносон таъсис дода мешавад ва хизматрасонии қабулгоҳ комилан ройгон ба роҳ монда мешавад.Дар фарҷоми кори мизи мудаввар иштирокчиёни он доир ба паҳлуҳои фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ, махсусан иштироки намояндагони ВАО-и ноҳиявӣ дар инъикоси фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ, мусоидат ва ҳамкории дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо қабулгоҳи ҷамъиятӣ ва ғайраҳо суолҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.Барои фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ утоқи алоҳидаи корӣ ҷудо карда шуд.Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсиси чунин қабулгоҳҳои ҷамъиятиро дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ба нақша гирифтааст.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» С.Қодиров, котиби матбоутии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ дод.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






