Татбиқи шаш лоиҳаи сармоягузорӣ дар ноҳияи Ховалинг
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои раиси дастгоҳи ноҳияи Ховалинг дар ноҳия шаш лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 3 млн. сомонӣ мавриди амал қарор дорад. Лоиҳаҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳоти соҳаи маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд.Айни ҳол 6 корхонаи саноатии ноҳия дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 800 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ба кор фаро гирифта шудаанд.Давоми солҳои истиқлолият фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия беҳтар гардид. Танҳо соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 31 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба панҷ соли пеш 17 млн. сомонӣ зиёд аст.Танҳо се корхонаи давлатӣ: корхонаи «Тиллои тоҷик», коргоҳи заршӯии «Одина» ва «Артели Помир» 60 фоизи андози буҷаи маҳаллиро пардохт мекунанд. Дар назар аст, ки маҳсулоти ин корхонаҳо бо сабаби бозоргир буданашон ду баробар зиёд карда шавад, зеро қимати 1 унсия тилло дар бозори ҷаҳонӣ ба андозаи 1886 доллар боло рафтааст ва боз ҳам рӯ ба болоравӣ дорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






