Тоҷикстандарт: Сифат ва ҳолати фурўши сўзишворӣ зери назорати қатъист

Август 1, 2011 12:57

Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўзҳо нархи маҳсулоти сўзишворӣ дар ҷумҳурӣ баланд шудааст ва мутаассифона, баъзе соҳибкорону фурӯшандагони ин навъи маҳсулот бо истифода аз ин ҳолат даст ба фиреби харидорон мезананд. Бояд қайд кард, ки вақтҳои охир арзу шикояти шаҳрвандон перомуни дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ ҷой доштани ҳолатҳои фиреби харидорон ва паст будани сифати сўзишворӣ зиёд шуда истодааст.Тавре ба АМИТ «Ховар» сармутахассисиси маркази матбуоти Точикстандарт Мурод Ашӯров хабар дод, моҳи июли соли 2011 мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт дар нуқтаҳои фурўши сўзишвории ҷумҳурӣ бо мақсади муайян намудани сифат ва ҳолати фурўши сўзишворӣ, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон санҷишҳо гузарониданд.Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти санҷишҳо камбудиҳои зиёд на танҳо дар нуқтаҳои фурўши сӯзишвории соҳибкорони инфиродӣ, балки дар ширкатҳои калоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои зиёди фурўши сўзишвории нафтӣ доранд, аз ҷумла дар «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Кўлобнафтрасон» ва нуқтаҳое, ки сӯзишвории ширкати «Умед- 88»-ро мефурўшанд, низ ба қайд гирифта шуданд.Дар баробари ҷой доштани ҳолатҳои ҷавобгў набудани сифати сўзишворӣ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, аз тарафи фурўшандагон 10 ҳолати фиребдиҳии харидорон бо роҳи кам рехтани сўзишворӣ ошкор гардид.Нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта мутобиқи талаботи моддаи 627 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Кўлобнафтрасон» ва соҳибони нуқтаҳои фурўши сўзишвории ширкати «Умед-88»-ро мефурўхтанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.Агентии Тоҷикстандарт ба манзури ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз вуруди маҳсулоти пастсифат ва ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон тадбирҳои мушаххас меандешад.

Август 1, 2011 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад