Замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Кумитаи заминсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар давоми 7 моҳи аввали соли соли 2011 кормандони кумитаи мазкур 80 ҳолати вайронкунии қонуни заминро аз тарафи шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ошкор намуданд. Ба иттилои манбаъ, нисбат ба 70 нафар қонуншикан 70 дастур, 36 протокол ва 34 қарори ҷаримабандӣ қабул карда шудааст. Кумитаи заминсозии вилоят нисбат ба ашхоси ҳуқуқӣ ва инфиродӣ, ки ба вайронкунии қонуни замин роҳ додаанд, ба маблағи 9625 сомонӣ ҷарима баста, 19 маводро барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратура ирсол намуд. Ҳамчунин, 19 ҳолати қонуншикании замин дар масоҳати се гектар бартараф гардида, замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Айни замон аз тарафи кормандони Кумитаи заминсозии вилоят корҳои санҷишӣ дар ноҳияҳои Шуғнон ва Мурғоб идома доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






