Қарзҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об дар назди “Барқи Тоҷик” меафзояд

Сентябрь 29, 2011 16:21

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2011 барои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об тарифи имтиёзноки 1,5 дирам барои истифодаи як киловатт/соат барқ ҷорӣ намуд. Арзиши миёнаи солонаи қувваи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ бо назардошти ин тарифҳои имтиёзноки мавсимӣ бо ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ҳамагӣ 2,58 дирамро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба арзиши миёнаи тарифи қувваи барқ 5,56 дирам кам мебошад. Тавре аз Ширкати “Барқи Тоҷик” ба мухбири мо иттилоъ доданд, новобаста аз ин қарзи Вазорати мазкур дар назди Ширкати “Барқи Тоҷик” ба ҷойи паст шудан баръакс зиёд шуда истодааст. Дар соли 2010 аз 17 млн. сомонӣ қарзҳои Вазорат ҳамагӣ 2,3 млн. сомонӣ (13 фоиз) пардохт шудааст, ки дар натиҷа қарз боз ба маблағи 14,7 млн. сомонӣ зиёд гардид. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ қарзҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об дар назди Ширкати “Барқи Тоҷик” 21 млн. сомонӣ зиёд шуда, то 1-уми сентябри соли 2011 он 175,4 млн. сомониро ташкил дод. Илова бар ин, қарзи оби эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об то 1 сентябри соли ҷорӣ 202,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Сентябрь 29, 2011 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд