«Ҳамоҳангии минтақавӣ — 2011»
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар пойгоҳи низомии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои муштараки «Ҳамоҳангии минтақавӣ -2011» анҷом меёбанд.Бино ба гуфти сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев, аз 17 – ум то 27 – уми сентябри соли 2011 дар пойгоҳи низомии Вазорати мудофиаи ҶТ машқҳои муштараки «Ҳамоҳангии минтақавӣ — 2011» бо иштироки намояндагони низомии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ИМА ҷараён доранд. Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ташкилу баргузор намудани тамринҳои низомӣ омодагии мақомоти марбута оид ба пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ, аз қабили заминларза, пешгирӣ, огоҳкунии мардум ва бартарафсозии оқибатҳои ин навъи ҳодисаҳои табиӣ аз ҷониби низомиён дар ин машқҳои муштарак мебошад. Ҳамчунин дар чунин тамринҳо, ки дар дигар давлатҳо низ гузаронида мешаванд, усулҳои нави омодагӣ бар зидди ҳаргуна хатарҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла унсурҳои зиддитеррористӣ тарҳрезӣ мегарданд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






