Ҳизбҳои сиёсӣ- унсури асосии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 20 сентябри соли равон дар толори Маркази Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иштироки занон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон» баргузор мегардад.Ташкилкунандагони мизи мудаввар Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон ва Дафтари Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи башар мебошад.Дар назар аст, ки роҳбари дафтари САҲА дар ҶТ сафир Ивар Вики, директори МТС назди Президенти ҶТ Сӯҳроб Шарипов, директори Ассотсиатсияи СҒҲ доир ба гендер ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон Алла Қувватова ва дигар намояндони вазорату идораҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯзмарра суханронӣ менамоянд.Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ таҳлили ҳамаҷонибаи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳамкории иҷтимоӣ миёни онҳо ва пурзӯр намудани ҳамкории байни ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури асосии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






