Ҷаласаи 6-уми шӯрои вазирони адлияи Кумитаи ҳамгироии иқтисодии Авруосиё
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Аз 20 то 23 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 6-уми шӯрои вазирони адлияи Кумитаи ҳамгироии иқтисодии Авруосиё тибқи Барнома дар мавзӯи «Ёрии ҳуқукӣ ва мубодилаи маълумот дар рафти иҷрои маҷбурии қарорҳои суд, қарорҳои дигар мақомот ва шахсони мансабдор» баргузор мегардад.Мавриди зикр аст, ки ҷаласаҳои Шӯрои вазирони адлия дар назди Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва вазирони адлияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки тибқи банди 29 Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 78 аз 30 декабри соли 2010 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






