Ҷамъомади идона дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Нозилшоев).- Имрӯз дар бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти кишвар ҷамъомад баргузор гашт. Дар ҷамъомад аз дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳо, ҳамчунин аз донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар намояндаҳо иштирок намуданд. Муродалӣ Солеҳов-раиси иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон собиқадорони соҳаро бо ҷашни 20-солагии Истиқлолияти мамлакат табрик намуда, перомуни фаъолияти иттифоқҳои касаба дар 20-соли Истиқлолият ҳарф зад. Ҳамчунин Эркин Раҳматуллоев, мушовири дастгоҳи иҷроияи Президент оид ба сиёсати хориҷй собиқадорони соҳаро аз номи Президенти мамлакат Эмомалй Раҳмон бо ҷашни муқаддаси миллй табрик намуда, бо медалҳои 20-солагии Истиқлолияти кишвар ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






