Ҷамъоварии ҳаққи барқ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Бино ба иттилои ҷонишини раиси идораи фурӯши барқи шаҳри Кӯлоб Амирхон Файзов ҷамъоварии ҳаққи барқ дар моҳи август 87 фоизро дар бар гирифта, аммо бақияпулиҳо (қарздорӣ) то ин ҷониб аз тарафи ташкилоту муассиса ва аҳолӣ боқӣ мондаанд. Қарзи умумии хизматрасонии барқ дар шаҳри Кӯлоб ба 14 миллион сомонӣ расида, 450 ҳазор сомонии он ба корхонаи КУМО – и ноҳияи Восеъ тааллуқ дорад, ки нисбат ба ин корхона аз тарафи шӯъба санад тартиб дода шуда, ба прокуратураи шаҳр равона гардидааст. Файзов афзуд, ки айни ҳол кормандони шӯъба ба насб кардани ҳисобкунакҳои барқӣ сафарбар гардида, то ин дам 1800 ҳисобкунак насб карда, аз дохили хонаҳои истиқоматӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонидаанд ва тасмим гирифтаанд то охири сол тамоми аҳолии шаҳрро ба ҳисобкунак таъмин намоянд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






