Ҷамъоварии картошка ва болоравии нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар масоҳати 16 ҳазору 28 гектар картошка кишт шуд, ки то имрӯз ҳосили 5 ҳазору 335 гектари он ҷамъоварӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, нақшаи истеҳсоли картошка 351 ҳазору 435 тонна пешбинӣ шудааст, ки аз он 106 ҳазору 812 тоннааш ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 22 ҳазору 643 тонна зиёд аст.
Боиси тазаккур аст, ки моҳи сентябри соли 2010 бо вуҷуди нисбат ба имсола 22 ҳазор тонна камтар истеҳсол шудани картошка нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ бо қимати 1 сомонӣ- 1 сомонию 30 дирам ба савдо бароварда мешуд. Имрӯз баръакс, бо зиёд истеҳсол шудани картошка нархи он дар бозор ба 1 сомонию 90 — 2 сомонию 20 дирам расидааст. Бар замми гаронии нарх сифати картошка хеле паст буда, ба талаботи харидорон ҷавобгӯй нест.
Ҳукумати шаҳри Душанбе аз тарафи савдогарон худсарона боло бурдани нархро ба назар гирифта, комиссияи танзимоти нархро таъсис дод. Дар бозорҳои шаҳр касе дар бораи чунин комиссия иттилоъ надорад ва нархи маҳсулот бошад ҳар рӯз баландтар мешавад.
Саволи матраҳ ба комиссияи таъсисёфта ин аст, ки он ҳар ҳафта оид ба масъулияти ба зимма доштааш ба шаҳрдорӣ чӣ гуна маълумот пешниҳод мекарда бошад, дар сурате, ки касе аз сокинони шаҳр дар бораи фаъолияти комиссия на тавассути матбуоти даврӣ ва на тавассути радиою телевизиони давлатӣ огаҳ нест.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






