Ҷиноят сарҳад ва ҷинояткор хешутаборӣ надорад

Сентябрь 23, 2011 10:22

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муфатиши прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Алишер Салимзода, ҳанӯз 25 – уми марти соли 2011 Умед Талбаков, ки муваққатан дар бинои 110, ҳуҷраи 37 –и кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе иҷоранишин буд, ба хонаи писарамакаш Ҷамшед Назаров, ки дар  бинои 104  ҳуҷраи 59 –и  кӯчаи номбурда истиқомат мекард  ба меҳмонӣ рафта, баъди хӯрдани хӯроки шом миёнашон муноқиша ба амал омад, ки  дар натиҷа Умед Талбаков ба шикам, гардан ва қафаси синаи писарамакаш, Ҷамшед Назаров, ки   соҳибкор  буд,  бо корди ошхонагӣ 16 зарба мезанад. Дар натиҷа  Ҷамшед Назаров дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Рӯзи 26 – уми март   Умед Талбаков чун гумонбар дастгир гардида, нисбат ба ӯ бо моддаи 249 — и КҶ ҶТ (роҳзанӣ) ва моддаи 104 – и КҶ ҶТ (куштор) бандҳои «е», «ж» «л» парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Баъди таҳқиқи ҳаматарафа, парванда бо гуноҳи роҳзанӣ ва куштор ба суди шаҳри Душанбе ирсол гардид. Суд баъди додани баҳои ҳуқуқӣ  ба парванда,  ҷинояткор Умед Талбаковро  ба мӯҳлати 21 сол аз озодӣ маҳрум ва равонаи маҳбас намуд.

Сентябрь 23, 2011 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад