Абдуҷаббор Зардиев: Дастовардҳои 20 соли Истиқлолият назаррасанд
Кӯлоб, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Кооперативи истеҳсолии ба номи Сайид Алии Ҳамадонии ноҳияи Кӯлоб хоҷагии калонтарини тухмипарварӣ ва зотпарварӣ ба ҳисоб рафта, деҳқонони он дар 20 сол 80 ҳазор тонна пахта, 60 ҳазор тонна сабзавоту картошка, 50 тонна пилла ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва берун аз ҷумҳурӣ баровардаанд, — гуфт раиси хоҷагии мазкур Абдуҷаббор Зардиев. Дар ин давра 250 га боғи содиротӣ бунёд шудааст. Дар хоҷагӣ солҳои охир корхонаҳои коркарди пахта ва коркарди маҳсулоти сабзавоту мева ба истифода дода шуд. Мавриди зикр аст, ки аз ҳисоби маблағҳои хоҷагӣ 10 мактаби таҳсилоти умумӣ, боғчаи бачагона, беморхонаи марказии ноҳиявӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






