Ба таваҷҷӯҳи ронандагони воситаҳои нақлиётӣ!
Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо 9-сентябр аз соати 5-и субҳ то 13 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар Майдони «Дӯстӣ» аз самти кӯчаҳои Бухоро, Турсунзода, Карамов, Сомонӣ, ва Ҳофизи Шерозӣ қатъ карда мешавад. Назар ба иттилои муовини сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе Зиёратшо Хушов, ин тадбир бо мақсади таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои идона, гузашти низомӣ бо ҳузури ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии кишвар ва авиатсия дар майдони асосии пойтахт -Дӯстӣ андешида шудааст. Ронандагони воситаҳои нақлиётӣ имкон доранд тавассути кӯчаҳои бо майдони «Дӯстӣ» ҳамшафат — Бухоро, Турсунзода, Карамов, Сомонӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ҳаракат намоянд. Ҳамзамон рӯзи 9 сентябар аз соати 17.00 то 22 шаб ҳаракати нақлиёт бинобар баргузории чорабиниҳои бошукӯҳи идона дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ аз самти кӯчаҳои Низомии Ганҷавӣ, Карамов, Сино, Саъдии Шерозӣ ва Сомонӣ қатъ карда мешавад. Дар робита ба ин ронандагони воситаҳои нақлиётӣ метавонанд аз роҳҳои кӯчаҳои Турсунзода, Карамов, Ҳофизи Шерозӣ, Айнӣ, Назаршоев ва Титов убур намоянд.15.26.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






