Баррасии масоили муҳим дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ

Сентябрь 3, 2011 16:26

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар нимаи дуюми рӯзи 3 сентябр ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ хотима бахшид.Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласа президентҳо ва нахуствазирони 11 кишвари узви ИДМ ширкат доштанд.Дар ҷаласа беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърўзаи таҳлилӣ — «Натиҷаҳои фаъолияти 20 солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо», Созишнома дар бораи абадӣ гардонидани хотираи мардонагӣ ва қаҳрамонии мардумони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Барномаи ҳамкорӣ доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012-2014, Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти нерўҳои навбатдори мудофиаи зиддиҳавоӣ дар ҳолати ғасби нақлиёти ҳавоӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.Пас аз анҷоми ҷаласаи мазкур Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев бо доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуда, дар мавриди натиҷаҳои кори ҷаласа маълумот доданд.Сарвари давлат аз ҷумла гуфт: «Имрӯз мо натиҷаҳои фаъолияти ИДМ-ро тайи 20 сол ва вазифаҳои асосии дурнамои онро муҳокима намудем. Изҳороте, ки аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИДМ қабул гардид, натиҷаи табодули озод ва конструктивии роҳи тайшуда буда, фароҳам овардани шароитҳоро барои фазои тиҷоратию иктисодӣ таҳким мебахшад. Имрӯз зарур аст, ки ташаккули минтақаи озоди иқтисодӣ ба анҷом расонида шавад. Мо ва дигар давлатҳои ИДМ аз лоиҳаи барномаи мақсадноки байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2020 умеди зиёд дорем»Дар навбати худ Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон барои қабули меҳмонони олимақом, мақомоти кории Иттиҳод, ҳайатҳои расмӣ ва ҳамроҳи давлатҳои аъзо, намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум ва ба роҳ мондани тамоми чорабиниҳои ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омодагии хуб дидааст. Сергей Лебедев ин ҳама омодагӣ ва ободию шукуфоиро «нишонаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон» арзёбӣ намуд.

Сентябрь 3, 2011 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад