Боғи «Пойтахт» дар майдони 15 гектар сохата шудааст

Сентябрь 7, 2011 11:39

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Шоми имрўз, 6 сентябр дар мавзеи Буниҳисораки шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи мўҳташами фарҳангу фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.Сохтмони Боғи «Пойтахт» дар майдони 15 гектар дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2010 шурўъ гардида намунаи муосиру беҳамтои маҷмааи фарҳангу фароғатӣ маҳсуб мешавад. Боғи мазкур аз маҷмааҳои дилхушӣ, амфитеатр барои 1080 ҷойи нишаст, қалъаи афсонавӣ, ҳавзҳои аквапарк ва шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои мусиқию тасвирҳои гуногун, майдонҳои варзишӣ барои теннис, баскетбол, волейбол, ганбол ва футболи хурд, толори шоҳмоту саққобозӣ, майдони бозиҳои чархакронӣ ва атраксионҳо иборат буда бо харҷи наздик ба 80 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иншоот ва шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар боғ шинос шуда барои ташкили хизматрасонии сифатан хубу муосир ба мардум, сабзу хуррамгардонӣ ва ба макони воқеии истироҳату фароғати шавҳрвандон табдил додани он ба масъулон дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Зимни суханронӣ дар ҳузури ҷамъомадагон — сокинон ва меҳмонони пойтахти мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар давоми чанд соли охир дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ Боғи марказии ба номи Рўдакӣ ва собиқ Боғи ботаникӣ, ки имрўз бо номи Боғи Ирам амал мекунад тармиму таҷдид гардида ба макони асосии сайру истироҳат ва фароғати сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат табдил ёфтааст ва дар воқеъ ифтитоҳи ҳамин қабил иншооти фарҳангиву фароғатӣ ба симои пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ҳусни хоса бахшида, барои тарбияи зебоишиносии кўдакону наврасон, бо варзиш бештар машғул шудани ҷавонон ва истироҳату фароғати калонсолону меҳмонони пойтахт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Президенти мамлакат изҳори итминон кард, ки бо бунёди чунин марказҳои фароғативу биноҳои варзишӣ, шумораи ҷавонони варзишгар хеле зиёд шуда, садҳо нафар шаҳрвандон бахусус ҷавонон бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин мегарданд ва шароити зиндагии ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат беҳтар мешавад. Дар хотима ба истиқболи ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири ифтитоҳи Боғи «Пойтахт» намоиши идонаи мусиқию тасвирӣ дар фаввораҳо пешкаши ҳозирин гардонида шуд.Қобили таъкид аст , ки дар маҷмўъ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе 236 иншооти гуногуни ҷашнӣ сохта ба истифода дода шудааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 7, 2011 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд