Боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Аз шўъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки кормандони гумруки фурудгоҳи пойтахти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе боз як кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва пешгирӣ намуданд.Бино ба иттилои манбаъ, кормандони гумруки фурудгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 594 самти Душанбе-Иркутск шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғумча Нуроваро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд.Кормандони гумрук ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастии Ғ.Нурова хокаи ба маводи мухаддир монандро ошкор ва мусодира намуданд. Мутобиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари дарёфтшуда навъи героин буда, вазни холиси он 889,2 граммро ташкил дод.Аз рўи амали шаҳрванд Ғумча Нурова парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ҷиҳати баррасӣ ба Прокуратураи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






